ДЎСТ МЕДОРАД ДИЛАМ ҶАБРУ ҶАФОИ ДЎСТРО

Дўст медорад дилам ҷабру ҷафои дўстро,
Дўсттар аз ҷону сар дарду балои дўстро.
Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,
То бисозад чораи дарду давои дўстро.
Чун муроди дўст ҷон афшондан аст аз дўстон,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дўстро.
Дар ҳавои ў тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавои дўстро.
Гар бадал кардӣ ба сад Фирдавс гарди кўи дўст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пои дўстро.
Дастбўси дўст мехоҳӣ, бишў даст аз ду кавн131,
Дастолуда нашояд марҳабои дўстро.
Дўстиҳои ҳама олам бирўб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дўстро.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close