ДӯСТӣ

Обу  ҳовову  хоку  дон

Ҳастанд ба хама  меҳрубон,

Варни зи  хоки  нам чӣ  сон

Дон ба ҳавас сар мекашад?

Шӯре  наяндозад агар

Меҳри замин,  абри гузар

Рӯйи замин  аз тори сар

Бо шавқ  чодар  мекашад?

Бо забза оби ҷӯйбор

Лаб мекушояд   дӯствор,

Варна чӣ  сон  дар  шӯразор

Сар сабзаи  тар  мекашад?

Гулро  кушояд рӯйи боғ,

Булбул  кунад гулро суроғ

Аз гул нагардад хуштимоғ,

Булбул ново дар мекашад?

Киште  нагардад камёб

Аз дӯстии офтоб,

В-аз  лутфи  ӯ  н-оядба тоб,

Тасвир  аз  зар мекашад

Одам ба  одам  дӯствор,

Бо дӯст  одам  комгор,

Бе дӯстӯ  дар  рӯзгор

Кас зӯри  худ  бармекашад?

7 сайифа  8  июль

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close