Дусти чи бошад

Барои дўстон ҷонро фидо кун,
Валекин дўст аз душман ҷудо кун.
Ки бошад дўст он ёри худоӣ
Дилаш равшан ба нури ошноӣ.
Ба нохуш корҳо гирад туро даст,
Кунад з-оби насиҳат оташат паст.
Ба кори нек гардад ёвари ту
Ба кўи некномӣ роҳбари ту.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close