ЭЙ БАХТИ МАН

Ишқи ҷавонӣ чун шарар
Месӯзадам ҷону ҷигар.
Аз синаи пуроташам
Ҷуз ғам намегирад хабар.
Роҳи ту дур, эй бахти ман,
Чашми ту кӯр, эй бахти ман.
Бо ин дили шӯридаам
Камтар бишӯр, эй бахти ман.
Ишқе – сафои оламе,
Ёре – бақои оламе.
Оҳ аз дили гумроҳи ман
Дорад барои оламе.
Роҳи ту дур, эй бахти ман,
Чашми ту кӯр, эй бахти ман.
Бо ин дили шӯридаам
Камтар бишӯр, эй бахти ман.
Ишқе чу субҳи равшане,
Ёре сазовори мане,
Аммо ба кӯи ӯ маро
Як раҳнамо, як раҳзане.
Роҳи ту дур, эй бахти ман,
Чашми ту кӯр, эй бахти ман.
Бо ин дили шӯридаам
Камтар бишӯр, эй бахти ман.
9.11.1981

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail