ЭЙ ДАРАХТИ БЕЗАБОН

Худ табарро даста бидҳӣ,
То бибуррад решаатро.
Мебурандат,
Мебарандат,
Ин чӣ савдо?
Ин чӣ дунё?
Аз ту месозанд чӯби дорҳо,
Аз ту месозанд чӯби гӯрҳо.
Эй дарахти безабон!
Баргҳо оё забонат нестанд?
* * *
Бо ту будам соате, то умри дигар ёфтам,
Муфлисе будам, ки ногаҳ хирмани зар ёфтам.
Бо ту бикшодам тилисми розҳои сарбамуҳр
Бар ҷаҳони ҳусну зебоии дил дар ёфтам.
Як дам аз чашми бади дунё ниҳон будем мо,
Лаб ба лаб бинҳодаву лабташнагон будем мо.
Дар канори зиндагӣ як дам канор андар канор
Фориғ аз кори ҷаҳон андар ҷаҳон будем мо.
Дасти кӯтаҳ доштам то соиди симини ту,
То чӣ ҷои он, ки хоҳам гӯшаи болини ту.
Метапидам бо умеди бахту мегуфтам ба дил,
Талх бошад зиндагӣ бе хандаи ширини ту.
Ин дами хуш ҳам гузашту боз ҳам хоҳад гузашт,
Умри мо бо ёди ин дам дам ба дам хоҳад гузашт.
Эй басо дарё бихушкад, то бидонад рӯзгор
Мисли мо дарёдиле аз даҳр кам хоҳад гузашт.
* * *
Ташнаам, ташнаи дидори худоёнаи ту,
Ташнаам, ташнаи оғӯши пурафсонаи ту.
Ташнаам бо ҳама девонагию мастии хеш,
То шиносанд маро ошиқи девонаи ту.
Ташнаам дар лаби дарёи дилат, метарсам,
Ки агар об хурам, банди дилам месӯзад.
Ҳар чи наздик туро бинаму дил бикшоям,
Ҷонам он қадр зи дурӣ ба алам месӯзад.
Ташнаам бо ҳама эҳсоси хурӯшони дилам,
Ташнаам, ташнаи эҳсоси таболудаи ту.
Ташнаам бо ҳама аҳволи парешони дилам,
Ташнаам, ташнаи аз ишқ наёсудаи ту…
Ташнаам, ташнаи он чашмаи зебоиву меҳр,
То бадомӯзи лабони ту кунад ташнагиям.
Ташнаам, ташнаи лабҳои чу ман ташнаи ту,
Эй худо, ҳеҷ мабодо шиканад ташнагиям
* * *
Ту шеъри Саъдӣ мехондию ман рӯи ту медидам,
Ман аз ҳар байти Саъдӣ байти абрӯи ту медидам.
Чу шеъри дард мехондӣ зи ишқу аз шикасти бахт,
Дили худро шикаста дар сари кӯи ту медидам.
Садоят ларзаҳое дошт – рамзи ларзаҳои дил,
Нигоҳат бозгӯ мекард дарди бедавои дил.
Зи дарди бедавои дил ғазал хондию донистам,
Ту ҳам печидаӣ, шукри худо андар балои дил.
Ту медонӣ, ки ман аз мардуми хунсард
дилгирам,
Зи даъвои даҳанмардони худ номард дилгирам.
Ман аз ҳар аҳли дарде, ки бихонад шеър,
меболам,
Зи оҳи бардурӯғи шоири бедард дилгирам.
Ту онӣ, ки тавонӣ бо дили ман ҳамнаво бошӣ,
Балои ҷони ман бошию худ дур аз бало бошӣ.
Ту битвонӣ диламро рӯи каф гирию бинвозӣ,
Агарчанде ба ҳукми сарнавишт
аз ман ҷудо бошӣ.
Туро ман бо ҳама сӯзу навоят дӯст медорам,
Туро ман бо бисоти дардҳоят дӯст медорам.
Бимон бо дардҳои ишқ, то дар сина дил дорӣ,
Туро ман бо дили дардошноят дӯст медорам.
* * *
Боз баъди сафари дуру дароз
Шафақи рӯи туро мебинам.
Боз дар чашми ту бо аҷзу ниёз,
Шарҳи сад чуну чаро мебинам.
Боз месӯзаму месӯзам боз
Пеши ту бо нафаси сӯхтаам.
Мекунам даст ба сӯи ту дароз
Бо дили шӯхи бадомӯхтаам.
Байни ишқи ману ту садде нест,
Лек дар қисмати мо садде ҳаст.
Байни ишқи ману ту ҳадде нест,
Лек дар қисмати мо ҳадде ҳаст.
Лаҳзаи бо ту ҷаҳони дигаре,
Баъд аз он боз ҷаҳон ёди ту аст.
Гар худо дода насибам ҳунаре –
Дидани ҳусни худододи ту аст.
Ман туро аз ғаму шодии ҷаҳон
Бо дили ташнаи худ меҷӯям.
Мешавам баҳри ту сад бор хазон,
Боз чун сабзаи нав мерӯям.
Умри ман мегузарад бетаъхир,
Лек ҷовид ба сад аҷзу ниёз
Рӯҳи норозии ман аз тақдир
Мекунад даст ба сӯи ту дароз..
* * *
Аз миёни кӯчаҳо чун бигзарӣ,
Хонуми зебои атласпираҳан,
Ёдам ояд сарфарозиҳои ту,
Ёдам ояд саргарониҳои ман.
Ошиқат будам, ки дар дил то ҳанӯз
Нағмаҳое дораму шеъру сухан.
Рафтам аз худ, рафтам аз ту бархато,
Дер шуд акнун ба худ боз омадан.
Баъд донистам дар ин шаҳри ғариб
Як ту донӣ қадри парвози баланд.
Як ту донӣ қадри сӯзишҳои дил,
Як ту донӣ қадри эъҷози баланд.
Баъд донистам дар ин шаҳри шариф
Як туӣ дардошнои ҷони ман.
Ман ба сад дил ошиқат будам, дареғ,
Бори дигар дер шуд ошиқ шудан.
Баъд донистам, ки оби рафта рафт,
Хонуми зебои атласпираҳан,
Меравам дар ҳасрати рӯят зи даҳр
Чун ғарибе дар ғами хоки Ватан..
* * *
Ҳар гаҳ аз раҳ гузарӣ, медонам,
Зи раҳи манзили ман мегузарӣ.
Аз тапишҳои дилат мехонам,
Ки зи роҳи дили ман мегузарӣ.
Ҳар гаҳ ошуфтатар аз ман бошӣ,
Дасту по баста, кунӣ исёнҳо,
Бо лаби баставу чашмони фарох
Хонӣ лаънат ба ҳама ҳиҷронҳо.
Дилат он гӯшаи бекас хоҳад,
Ки ту фарёд занӣ сӯи само:
Ҳон, дили гумшудаи ман чун аст?
Ҳон, ман аз умр чӣ мехостамо?
Боз дар хилвати андешаи хеш
Бандӣ уммед ба фардои дигар
Толиби нашъаи нодидаи ишқ,
Ташнаи файзи таманнои дигар.
Ҳар гаҳе сӯи ман оӣ, бинам:
Дили ошуфтаи ман меояд.
Ҳар гаҳе сӯи ман оӣ, гӯям:
Шеъри ногуфтаи ман меояд…
* * *
Эй бурҷи хаёлҳои ширин,
Наздик биё, ки даст гирам.
Ё домани ту ба даст орам,
Ё чашм ба сӯи ту бимирам.
Ноҷуста туро, хаёл кардам
Осуда насиби дил хурам ман.
Чун ҷуста наёфтам, аён шуд
Якумр фиреби дил хурам ман.
Сад бор умеди ман туро ёфт,
Сад бор зи кӯтаҳӣ раҳо кард.
Сад бор туро бисохт дар ман,
Сад бор туро зи ман ҷудо кард.
Ман дур зи ту, ту дур аз ман,
Ман мегузарам, ту безаволӣ.
Эй бурҷи муҳаббати фиребо!
Эй бурҷи саодати хаёлӣ!
* * *
Боз дарёву боз кӯҳаи мавҷ
Об мезад ба оташи дили ман.
Боз ҳам шавқу шӯри дарёӣ
Буд баҳри навозиши дили ман.
Баста буданд чашмҳои туро
Бӯсаҳоям чу муҳри Давлати дил.
Ҳар ду будем рӯ ба рӯ бо ишқ,
Чун тамошогарони санъати дил.
Кӯрмаҳтоб дидбонӣ дошт,
Ёлае буд дидбонгоҳаш.
Зиндагӣ чист? Ман нафаҳмидам,
Гар ту фаҳмидаӣ, бигӯ роҳаш…
Ин ҷаҳон чист? Ман надонистам,
Ғайри он ки ту худ ҷаҳони манӣ.
Кистам? Чистам? Худо донад…
Ғайри он, ки ту роздони манӣ.
Ё худо, ҳарфи ман зи дарё буд!
Ту ба дарё нигоҳ мекардӣ.
Ман шукӯҳи гуноҳ меҷустам,
Ту ҳазар аз гуноҳ мекардӣ.
Лаби дарё зи доғи рафтани умр
Шаб ҳама шаб таронахонӣ дошт.
Дар сурудаш, ки бесухан мехонд,
Чистонҳои зиндагонӣ дошт.
Акси фарёди рӯд меомад
Аз талу пуштаю зи ҳар гӯша.
Дар дили рӯд базми анҷум буд,
Дар канораш ситораи қӯша.
Зарҳалӣ буд зи нури маҳ дарё,
Дар нигоҳат ситора меларзид.
Як дами ошиқии мо он шаб
Ба дусад соли умр меарзид.
Дод аз дасти ташнакомии ман!
Дилам аз диданат наёсояд.
Бо чунин ишқ меравам аз даҳр?
Бахудо, боварам намеояд!
* * *
Навбаҳор омад, гули ман,
Бе ту бо борон гиристам.
Бе ту бе ашки намоён
Дар бари ёрон гиристам.
Навбаҳор омад, гули ман,
Шишаи яхҳо шикастанд.
Дар ҳарими гул ба саҳро
Ошиқон дастобадастанд.
Навбаҳор омад, гули ман,
Гул ба ту бахшиданӣ шуд.
Бо хаёли рӯи сабзат
Рӯи олам диданӣ шуд.
Навбаҳор омад, гули ман,
Дар лаби дарё нишинам.
Бо хаёли чашми дарёт
Хилвати дарё гузинам.
Боз бе ту мисли дарё
Байни ду соҳил гиристам,
Боз бе ту бар гузашта,
Бар худу бар дил гиристам..
* * *
Ҳарчанд дурӣ аз ману аз ошёни ман,
Бо меҳри худ нишастаӣ дар мағзи ҷони ман.
Дар олами хаёлие, эй меҳрубони ман,
Аз дур ҳар нафас маро фарёд мекунӣ.
Ҳар гаҳ, ки сарду бетараф чун санги соҳилам,
Бо рӯҳи варшикастае дар банди мушкилам,
Меоӣ дар хаёламу дар ҷону дар дилам,
Шеъри наве ба дафтарам иншод мекунӣ.
Ҳар гаҳ, ки беилоҷаму ояд бадам зи худ,
Офоқ танг оядам дар арсаи вуҷуд,
Меоӣ чун фариштае аз осмон фуруд,
Як дам маро зи хештан озод мекунӣ.
Дар чашми туст шуълаи тасвири зиндагӣ,
Дар дасти туст санъати тақдири зиндагӣ,
Дар байни ин талотуму тасхири зиндагӣ,
Ёдат ба хайр, гар маро ҳам ёд мекунӣ/
* * *
Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Раҳ ба раҳ хондам тарона,
Мондам аз худ як ҳақиқат,
Мондам аз худ як фасона.
Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Буд роҳам ҷониби ту.
Ишқи ту буд соҳиби ман
Ишқи ман буд соҳиби ту.
Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Будӣ ту дар синаи ман,
Ё чу бахти нақди дастам,
Ё ғами деринаи ман.
Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Роҳ сӯи манзилам буд.
Пеш-пеши ман муҳаббат,
Пеш-пеши ман дилам буд…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail