Эй хусрави хубон

Эй хусрави хубон, назаре сӯйи гадо кун,

Раҳме ба мани сӯхтаи бе сару по кун!

Дорад дили дарвеш таманнои нигоҳе,

3-он чашми сияҳмаст ба як ғамза даво кун!

Гар моҳ занад лоф, ки монад ба ҷамолат,

Бинмой рухи хешу маҳ ангуштнамо кун.

Эй сарви чамон, аз чаману боғ замоне.

Бихром дар ин базму дусад ҷома қабо кун!

Шамъу гулу парвонаву булбул ҳама ҷамъанд,

Эй дӯст, биё раҳм ба танҳоии мо кун!

Бо дилшудагон ҷавру ҷафо то ба кай, охир?

Оханги вафо, тарки ҷафо баҳри Худо кун.

Машнав сухани душмани бадгӯй, Худоро,

Бо Ҳофизи мискини худ, эй дӯст, вафо кун!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail