Эй кабои подшоҳӣ рост бар болои ту

Эй кабои подшоҳӣ рост бар болои ту,

Зинати тоҷу нигин аз гавҳари волои ту.

Офтоби фатҳро ҳар дам тулӯъе медиҳад

Аз кулохи хусравӣ рухсори маҳсимои ту.

Ҷилвагоҳи тоири иқбол бошад ҳар куҷо,

Соя андозад ҳумои чатри гардунсои ту.

Аз русуми шаръу ҳикмат бо ҳазорон ихтилоф,

Нуктае ҳаргиз нашуд фавт аз дили донои ту.

Оби хайвонаш зи минқори балоғат мечакад

Тӯтни хушлаҳҷа, яъне килки шаккарҳои ту.

Гарчи хуршеди фалак чашму чароғи олам аст,

Равшаноибахши чашми ӯст хоки пои ту.

Он чи Искандар талаб карду надодаш рӯзгор,

Ҷуръае буд аз зулоли ҷоми ҷонафзои ту.

Арзи ҳоҷат дар ҳарими ҳазратат мӯҳтоҷ нест,

Рози кас махфӣ  намонад бо фурӯги ройи ту.

Хусраво, пиронасар Ҳофиз ҷавонӣ мекунад

Бар умеди афви ҷонбахши гунаҳфарсои ту.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail