ЭЙ ҶАВОНӢ

Мекунӣ шаккокию густохиҳо
Бо худоёни замину осмон.
Мехурӯшӣ, меситезӣ,
Мекушоӣ роҳи худро

Дар миёни ин ҳама пасту баландии ҷаҳон.
Ҳамчунон Шаддод, ки сӯи худо
Карда даъвои худоӣ, тир андохт,
Лек тираш бозгашта аз само,
Бар сари моҳӣ расид.
Аз он замон

То кунун бинӣ сари моҳӣ буридаст…
Тирандозӣ ба сӯи осмонҳо айни беандешагист,
Баски меояд фурӯ аз осмон ё бар замин,
ё бар сарат.
Бо гуноҳи осмон оё равост,
Ин замини бегунаҳ захме хурад?!

Медамӣ чун рӯди фасли навбаҳорон,
Рахна карда кӯҳсорон.
Дарраҳоро бо ҳама ҳангомаат пур мекунӣ,
Мезанӣ бар санги соҳил,
Мезанӣ, девори соҳилро зи по меафканӣ.
Масту мағруру худонотарсу якрав,
– Ин манам! – мегӯиву ду дасти худро
бар сари дил мезанӣ.

Меравӣ аз хатти соҳил гаҳ бурун,
Лек то кай?..
Об гардад барфҳои кӯҳсорон,
Дигар аз ҳар қулла н-ояд бар ту
оби ғайратафзо.

Дигар аз гардун наояд сели борон,
То лаболаб гардию пуршӯр созӣ иддао.
Фасли тобистон расад, дар зери хуршеди тамуз
Аз ту мемонад фақат як осиё обу халос,
Дар миёни ин ҳама бешу камӣ худро шинос,
Эй ҷавонӣ,
Эй ҷавонӣ!

11.2.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail