ФАЛСАФАИ КАМОЛОТ

Ман чӣ дарёям,
Дар таҳам ҷорӣ набошад боз як дарё
Ҳамчунин пуршӯр,
Ҳамчунин пурнӯр.

Ман чӣ кӯҳастам,
Гар набошад кӯҳи дигар пойбасти ман
Ҳамсари афлоқ,
Ҳамчунин дар хок.

Ман чӣ гардунам,
Бар сарам гар ҳафт гардуни дигар набвад
Ҳамчунин боло,
Ҳамчунин воло.

Ман чӣ инсонам,
Гар набошад боз дар ман сад ҳазор инсон
Ҳамчунин хандон,
Ҳамчунин гирён.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close