Фалсафаи Зиндагӣ

Чархи каҷрафтор дорад хислате:

Бар яке гар лутфу эҳсон мекунад,

Дигареро монда зери бори ғам

Қоматашро хам ба даврон мекунад.

 

Дида ин номеҳрубонӣ ҳар қадам

Дил даруни сина месозад хурӯш.

Чарх агар мешуд ба одам меҳрубон,

Дар ҷаҳон шояд намешуд ҷангу ҷӯш…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail