ФАҚИРИ БАРАҲНА

hinduston

Ҳасти мову ту ҳама

Хиркаи кӯҳна дар назар,

Нақш ба нақш кардамаш

Ҷумла зи пораи ҷигар.

Нақше зи пораи ҳазин,

Нақше зи ашку оҳи ман,

Бахше зи ришхандае

Биму ғаму гуноҳи ман.

Гоҳ зи нимаи нигаҳ,

Гоҳ зиёду гоҳ кам.

Ҳастии мову ту ҳама

Ҷомаи кӯҳнаи ситам.

Нестӣ чун бараҳнае

Ҷомаи он боду ҳаво,

Шӯълаи нурҳои маҳ

Шаш ҷиҳати вуҷуди мо.

Гоҳ ба бар кунад зи нав

Шӯълаи шамси субҳдам,

Гоҳ ҳарири барги гул,

Карда ба тан чу шоми ғам.

Боз валек он фақир

Зору бараҳна меравад,

Дар бағали зулому нур,

Хаставу гушна меравад.

Ҳикмати ҳастӣ модда аст,

Ҳикмати соддаро шунав,

Ҷилди бараҳнагии мо

Пора кунад сабоҳи нав.

 

Муаллиф: Али Сардар (Шоири Хиндустони)

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close