ФАРДОИ ДУШАНБЕ

Душанбе шаҳри мо, гаҳвораи мост,
Дар ин ҷо зиндагии мост дилкаш,
Бад-он шарте ҳавояш тоза бошад,
Набошад дуди ин симонзаводаш.
Бувад ҳар шаҳрро овозаю донг,
Душанбе аз чӣ овоза надорад?
Душанбе гар бувад дарвозаи Шарқ,
Чаро худ ҳеҷ дарвоза надорад?
Душанбе мешавад шаҳри ҳумоюн,
Душанбе мешавад шаҳри ҷаҳонӣ,
Ба шарте қасрҳои шарқӣ созанд
Ба ҷои ин катакҳои битонӣ.
Душанбе мешавад шаҳри гулобод,
Гулистон мешавад ҳар кӯю барзан,
Агар аз офтоби майнасӯзаш
Зи беобӣ ҳама гулҳо нахушканд.
Душанбе шаҳри беосори дерин,
Ки ҳоло хоса ойине надорад.
Саросар санг мулки тоҷикон, лек
Душанбе қасри сангине надорад.
Чу гӯяд радио «вақти Душанбе»,
Набинам бурҷи соатхонаашро.
Агарчанде ки мебинам ба сад ранг
Ҳамора вусъати паймонаашро.
Мададгорӣ кунад рӯҳи ниёгон,
Агар созем гӯристони обод.
Чу рӯҳи мурдагонро шод дорем,
Шавад садчанд рӯҳи зиндагон шод…
Заминҳои Ҳисори шодмонро
Душанбе мекунад ҳар дам мусаххар.
Агарчи то фалак «бепул заминҳост»,
Наёрад, то каме боло кунад сар…
Душанбе шаҳри ором асту камшӯр,
Ки аз он ҳаст оромӣ ба рӯҳам,
Вале дар барфу борон кӯчаҳояш
Намояд дар назар тӯфони Нӯҳам…
Наҷӯям айбу нуқсонҳои дигар,
Нагирам бар Душанбе хурда бечиз,
Агар аз мутрибони ресторанҳош
Ба гӯш ояд суруди тоҷикӣ низ…
Душанбе бошгоҳи нуру файз аст,
Саодат гар диҳанд андар «Саодат».
Душанбе комбахши аҳли ком аст,
Фароғат гар диҳанд андар «Фароғат».
Душанбе шаҳри обод аст, лекин
Дучандон мешавад обод фардо.
Чунон эъмор соземаш, ки боре
Зи дасти мо нагӯяд дод фардо.
Душанбе мешавад обод, бешак,
Вале ҳар лаҳза бошад маътали мо.
Паи ободияш чандон бикӯшем,
Ки дар ҳар кӯча монад ҳайкали мо…
1.7.1984

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail