Фарзанди ноқобил

Аз мураббӣ баски рам хӯрда дили бадхӯи ман,
Муттако море бувад хуспида дар паҳлуи ман.
Мекунад фарзанди ноқобил падарро мунфаъил,
Гиря аз беҳосилӣ по мениҳад бар рӯйи ман.
Ғунчахуспӣ фориғам кард аз дари арбоби чуд,
Сандали дарди сарам шуд кундаи зонуи ман.
Аз дили худ, рӯзгоре шуд, намеёбам хабар,
Шуд биёбонмарг ҳамчун гирдбод оҳуи ман.
Ҳар кӣ як раҳ сӯйи ман бинад, фаромӯшам кунад,
Тоқи нисён аст гӯё гӯшаи абрӯи ман.
Сад гиреҳ дар кори ман афтода чун банди қабо,
Зинҳор, эй ҳамнишин, бигрез аз паҳлуи ман!
Баҳри рӯзӣ аз рафиқи хеш дурр афтодаам,
Осиё, умрест, мегардад ба ҷустуҷуйи ман.
Сайидо, шабҳо надорам хоби роҳат ҳамчу шамъ
Болиши осоишам бошад сари зонун ман.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close