ФАРЗАНДИ КӮҲСОР

Шудам пазмони оби чашмасорон,
Равам, дар кӯҳсорон хона созам.
Шавам як лаҳза беқайду сабукрӯҳ,
Ба худ як олами афсона созам.

Бисозам чанбар аз гулҳои садранг,
Шиносонам диламро бо баҳорон.
Кунам тазмин чу шогирди навомӯз
Зи шеъри обдори обшорон.

Нишинам дар лаби дарёи кӯҳӣ,
Ки омӯзам аз ӯ дарёдилиро.
Шитобу изтироб омӯзам аз мавҷ,
Бигӯям шеър дар тақлиди дарё.

Кашам аз кокули сабзи дарахтон,
Биошомам насими бешаҳоро.
Суруд омӯзам аз лабҳои соҳил,
Забон омӯзам аз гуфтори дарё.

Нависам номи худ дар тахтасанге –
Нишони бенишониҳои худро.
Ба гӯши баргҳо бикшоям асрор –
Китоби саргарониҳои худро.

Шавам ҳамболи занбӯрони гулҷӯй,
Ба шеъри худ зи гулҳо шира чинам.
Зи шохе бар дигар шохе бупечам,
Ҷаҳонро то ба чашми гул бубинам.

Шавам бо қуллаҳо ҳамсар, ки шояд
Биёмӯзам тариқи сарфарозӣ,
Ба пои кӯҳҳо таъзим орам,
Биандӯзам бисоти бениёзӣ.

Варақҳои парешони диламро
Диҳам пош аз сари кӯҳи баланде.
Дигар онро нахонам пеши ҳар кас,
Дигар бо он насозам худписандӣ.

Сипас аз кӯҳсор – аз модари худ
Бихоҳам ҳамчу тифли хомаронаш,
Ки дар поёни бозиҳои тақдир
Диҳад ҷо аз сукути ҷовидонаш…

18.7.1965

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail