Фасли занона

Ин чашмаро нигаҳ кун,
Як лаҳза тарки раҳ кун,
Ин чашма мезанад чашм,
Чашми занона дорад.

Ин лолазори гулҷӯш
Сурхида то баногӯш,
Инро макун фаромӯш,
Шарми занона дорад.

Ин беду ларзаро бин,
Ин нозу ғамзаро бин,
Якпоя мекунад рақс,
Рақси занонаро бин.

Борону шишаворӣ,
Аттораки баҳорӣ,
Дар шишаи ҳубобаш
Атри занона дорад.

Шаббодаро шамидам,
Чун бода дам кашидам,
Шаббодаи пагоҳӣ
Бӯи занона дорад.

Рангинкамон ба ранги
Ин арвуғон шукуфта,
Ин арвуғон ба ранги
Рангинкамон шукуфта,

Ин кундали бухорӣ
Фасли занона дорад.

Дар ғалла мечарад чашм,
Чу ғалла мечарад чашм,
Ин кишти тозаву тар
Зулфи занона дорад.

Набзи ҳавво ба дастам
Монанди набзи одам,
Обу ҳавои Наврӯз
Набзи занона дорад.
Баҳори 1997, Seattle

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close