Файзободи ман

Хӯҷаи Ҳотам зиёратгоҳи Файзободи ман,
Шукр аз тарбияти арвоҳи Файзободи ман.
Бо азони боди Элокаш дарахтон дар намоз,
Дар сари мӯи сафедам коҳи Файзободи ман.
Ширбии* ширандомаш ба ман ҳамшира аст,
Тираки ҷуфташ арӯсу шоҳи Файзободи ман.
Гар ба девори каҷаш каҷ менишинам бок нест,
Роҳати ҷон як дами даргоҳи Файзободи ман.
Шишаи дорӯст, оре шишаи дорӯи дил,
Шишаи оби чароҳаткоҳи Файзободи ман.
Арвуғону лолазораш ҳарду ҳамхуни мананд,
Ҳамгили ман хушгили дилхоҳи Файзободи ман.
Сатри мӯраш сатри мавзуне, ки хоколӯда аст,
Сатри шеъри хокиам дар роҳи Файзободи ман.
Аз ҷаҳон дилмондаам маг, аз ҷаҳон сад бор беҳ,
Нохуни моҳи нави бегоҳӣ Файзободи май.

Октябри 1997, Seattle.
*Пуштакӯҳе бо ҳамин ном

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close