ФИРОҚНОМАИ ПАДАР

Бо сактаи дил ту аз ҷаҳон бигзаштӣ,
Шуд ҳасрати мо, падар, ҷавон бигзаштӣ.
Гар зиндагият ба даҳр осон нагузашт,
Осон ту вале фариштасон бигзаштӣ.

Ҳар гаҳ, падар, аз ту ба алам ёд кунем,
Дар олами хок рӯҳи ту шод кунем.
Гар сактаи дил бурд ҷавонат зи ҷаҳон,
Армони ҷавонии ту обод кунем.

Ҳоло ки падар шудем, худ бепадарем,
Ӯ кулфати мо кашиду мо бехабарем.
Дунё, дунё, ба мо бигӯ, эй дунё,
Бо қарзи падар чӣ сон зи олам гузарем?!

Мехостӣ, эй падар, ки шоир бошам,
Аз табъи баланди хеш шокир бошам.
Ҳаргиз ба дилат набуд, к-аз ғуссаи дил
Ман марсиягӯйи рӯзи охир бошам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close