ФОЛ

— Фолат бубинам, фоли ту

Гуяд ҳама аҳволи ту.
Бигзаштаат ёд оварад,
Едат зи бунёд оварад.
Аз ҳозират гап мезанад,

Гапҳо зи матлаб мезанад.
Ояндаат равшан шавад,

Равшантар аз гулшан шавад.
Хору гулаш гардад аён
Бар чашми ту дар як замон.
Номат чй буд, онро бигӯ,

Ҳай-ҳай чӣ сон номи накӯ.
Номат, ки бошад Носара,
Гӯям туӣ аз Сагдара.
Бинмой гӯшам сарбасар

Ҷои дигар ҳушат мабар:
Се-чор мактаб хондаӣ,_

Шабдези дониш рондаи.
Чанде ту мансаб доштй,

Дунёи матлаб дошти.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail