МАРО ЯК ФОЛ ЗАН, ЭЙ ЛӮЛИДУХТАР

Маро як фол зан, эй лӯлидухтар,
Ки сарфолӣ диҳам ин ҷону ин сар.
Маро як фол зан, бахти маро ёб,
Ки чун рӯи ту бошад поку дилбар.

Туро дидам сарафрозу шукуфон,
Замони баччагиям ёдам омад.
Зи қаъри солҳои даргузашта
Ба гӯшам нолаю фарёдам омад.

Ту будӣ кӯдаки бадбахти модар,
Ки танҳою ғарибу бекасе буд.
Ба дӯшаш халтае нони гадоӣ,
Ту бар пушторааш, бас роҳ паймуд.

Асо бар даст чун аз кӯча мерафт,
Сагони кӯча меҷастанд сӯяш.
Ту дар «гаҳвора»-и пуштораи ӯ
Панаҳ будӣ мисоли орзуяш.

Суруди аллаи тифлони дигар
Садои тиру таркиш буд, аммо
Ту нашнидӣ дигар лолоӣ асло
Ба ғайр аз нӯлаю фарёди сагҳо.

Туро дидам чароғон рӯи ҳастӣ
Ба ёд омад лиқои модари ту.
Зани сабзинарӯи хонабардӯш,
Ягона тахти бахту ёвари ту.

Маро ӯ фол зад, фоли накӯ зад
Барои бурдае нони зағора,
Ки меояд падар аз ҷанг зинда
Ба пеши бар нишонҳои қатора.

Наёмад рост фоли ӯ ба тақдир
Падар на зиндаю на мурда омад.
Гувоҳи рӯзгори корзораш
Фақат як номаи афсурда омад.

Чу омад боз рӯзе модари ту
Ба пеши модарам аз баҳри хоҳиш,
Надода хушкноне, ронд ӯро
Ба сад таъну маломат, ранҷу коҳиш.

Чӣ медонист он гаҳ модари ман,
Ки фоли ман ба дасти туст рӯзе.
Чӣ медонист он гаҳ модари ман,
Ки дар ишқат маро рӯзе бисӯзӣ.

Кунун мо ҳар ду ҳам модар надорем.
(Биёмурзад худо он мӯъминонро).
Ту танҳо мондию ман низ танҳо
Зи ду модар нишон дар дори дунё.

Худо буданд модарҳои мо, лек
Зи рӯи ин замин чун банда рафтанд.
Ба мо доданд болу роҳи парвоз,
Вале худ мурғаки парканда рафтанд…

Маро як фол зан, эй лӯлидухтар,
Ба ҷои модарат – рамзи муҳаббат.
Маро як фол зан, эй лӯлидухтар,
Ба ҷои модарам – рамзи садоқат.

Маро як фол зан, бо чашми ошиқ,
Ки ту чун шох бошӣ, ман чу реша,
Бизан фоле ту аз фардои қисмат
Ки дар он бо ту бошам ман ҳамеша.

Маро як фол зан, эй лӯлидухтар,
Ки сарфолӣ диҳам ин ҷону ин сар.
Маро ё фол бин, ё дар дилат бин,
Ва ё дар ишқ, дар ишқи музаффар!

3.1.1967

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close