Гадои муфлис

Ба хоқ афтода гарди сурмаи чашми сиёҳат ман,
Ба хун ғалтида сайди бисмили теғи нигоҳат ман…
Ба гулшан бандаи озоди сарви қоматат қумрӣ,
Ғуломи ҳалқабаргӯши хати сунбулпаноҳат ман.
Гадои муфлисе, бехонумон пири тиҳидасте,
Зи по афтода, аз худ рафтаи сарҳои роҳат ман.
Ба базми дилбарон гар даъвии ширинлабӣ созӣ,
Чу кӯҳи Бесутун, имрӯз по барҷо гувоҳат ман.
Нигаҳ бар оразат чун Сайидо дӯздида месозам.
Чу пушти оина, шармандаи рӯйи чу моҳат ман.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close