Ғ А З А Л Ҳ О

Аз байни ҳама бурду бало мегузарад дил,
Аз бодияҳо обилапо мегузарад дил.
Гаҳ сӯхта, гаҳ сохта дар кӯраи айём,
Аз баҳри ҳама қоидаҳо мегузарад дил.
Дастур чию қолаби қонуни навишта?
Якроҳаю берӯю риё мегузарад дил.
Қонунгари хеш аст, ки ворунгари хеш аст,
Дар ҷангу ҷидоли ману мо мегузарад дил.
Он рӯз, ки миранд ҳавасҳош, бимирад,
Қурбони хатоҳост, хато мегузарад дил.
3.9.1972

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail