Ғ А З А Л Ҳ О

Мо солхурда ҳастем ё сол хурда моро?
Мо умр бурда бар сар ё умр бурда моро?
Мо ҷонсупор будем дар ҳоҷати замона,
Ё азми ҷонсупорӣ осон супурда моро?
Бо ёри норпистон хуфтем, ғофил аз он
Ҳамчун анори ширин дасте фишурда моро.
Роҳи дароз тай шуд дар умри кӯтаҳи мо,
Роҳе фасурда кардем ё раҳ фасурда моро?
Дар пеши чашми хуршед арчанд кам набудем,
Кам дида чашми камбин, камтар шумурда моро.
Гумкардаҳои моро ҳар зиндадил биёбад,
Дилмурдагон валекин хонанд мурда моро!
4.10.1971

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail