Ғ А З А Л Ҳ О

Биё, то чанд аз чашмам ниҳонӣ,
Биё, к-аз буданам ғоиб намонӣ.
Ба сарвақтам биё, вақт аст, вақт аст,
Ки қурбони ту бинмоям ҷавонӣ.
Ба сарвақтам биё, нақд аст, нақд аст,
Ба имдоди ҷавонӣ зиндагонӣ.
Ту бо ман ҳамзамонӣ, ҳамдиёрӣ,
Пас аз ин бош бо ман ҳамзабоне.
На эъҷозе, на сеҳре, на нидое,
Туям танҳо ба мақсад мерасонӣ.
Насибам деҳ зи гирудори ҳастӣ,
Дар ишқу ошиқӣ соҳибқиронӣ.
Дар ин дунё ба зери нури хуршед
Биё, ҷӯем ҳар ду зиндагонӣ.
Биё, басту кушоди рӯзгорон
Ба дасти туст, ишқу меҳрубонӣ!
12.4.1963

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail