Ғ А З А Л Ҳ О

Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам,
Чанд рӯзе хешро бо зиндагӣ ҳампо кунам.
Гар натонам мурдаеро зинда созам баъди марг,
Қарз бошад, ёдгори мурдаро эҳё кунам.
Бар даре гар по ниҳодам,
қасди ман он дар набуд,
Қасди ман он буд, то шояд дари дил во кунам.
Ҳар киро бино бубинам, аз паяш роҳӣ шавам,
Ҳар кӣ кӯри нотавонбин аст агар, бино кунам.
Рӯзҳое, ки наёварданд дар дил дарди ишқ,
Аз ҳисоби рӯзҳои умр истисно кунам.
Бигзарам бедарду ҳасрат,
чун бигирам дасти дӯст,
Чун сари душман ба даст афтод, зери по кунам.
Омадам, то ҳеҷ бепарво набошам дар ҷаҳон,
Ҳар дам аз суду зиёни зиндагӣ парво кунам.
Як нафас бо хеш будан зиндагист,
Байни нӯшу неш будан зиндагист.
Дар ҷаҳони орзуҳои наҷиб
Аз саворон пеш будан зиндагист.
Оқили девонаву ҳушёри маст –
Яъне пурташвиш будан зиндагист.
Дар миёни ин ҳама бешу камӣ,
Аз камиҳо беш будан зиндагист.
Аз сабукборони соҳил дуртар –
Яъне дурандеш будан зиндагист.
Қуллаҳо чун аз замин бар осмон сар мекашанд,
Ошиқон гӯӣ зи рӯи моҳ чодар мекашанд.
Гарчи сангинанд, аммо дар суруди шабравон
Ҳамчу мурғи орзу то осмон пар мекашанд.
Баҳри он дӯшизае к-имшаб арӯсӣ мекунад,
Ахтаронро аз фалак дар иқди гавҳар мекашанд.
Росто истода пиромуни деҳ дастобадаст,
Гӯӣ дар тӯи бародар ҷому соғар мекашанд.
Деҳ чу мехобад пас аз ташвишҳои зиндагӣ,
Қуллаҳо бедорхобиҳо чу модар мекашанд.
Теғаҳо чун теғи алмосӣ зи нури моҳтоб
Бар алайҳи офтоб гӯё ки ханҷар мекашанд.
Саф ба саф, паҳлӯи ҳам, пушту паноҳи якдигар
Ранҷу кулфатҳои дунёро баробар мекашанд…
Дӯстро бо тӯҳмати бегона меёбем мо,
Хирмани дуздидаро аз дона меёбем мо.
Нақши бӯса дар лабе худ мӯҳри умри ҷовид аст,
Аз ҳақиқат ин қадар афсона меёбем мо.
Зиндагӣ бисёр бо мо номуросо будааст,
Интиқомаш аз маю паймона меёбем мо.
Нолаи мо бар дили ёре агар вогир нест,
Дар дили шаб наъраи мастона меёбем мо.
Дар ҷаҳони ошиқӣ азбаски худгумкардаем,
Ҳар қадар ҷӯем ҳам, худро намеёбем мо…
Имшаб чи шабе, шаби гудоз аст имшаб,
Як базми пур аз нозу ниёз аст имшаб.
Домод зи баски бандаи ишқ шудаст,
Бар гардани ӯ зулфи дароз аст имшаб.
Азбаски арӯс ҷуфти домод шудаст,
Дороии ӯ махзани роз аст имшаб.
Аз юмни муҳаббати ду дилдодаи пок
Чашми ҳама масту ишқбоз аст имшаб.
Домоду арӯс ҳамчу меҳроб буванд,
Ёрон, шаби саҷдаю намоз аст имшаб.
Соқӣ бидиҳад фотиҳаи бахти сафед,
Зеро ҳама хубу ҳама соз аст имшаб.
Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод!
Ҳар лабе, ки бӯса кардам, ёд бод!
То ба кӯи ёр бо сад ранҷу бим
Роҳҳое, ки сипардам, ёд бод!
Лаҳзае, ки ҷои рӯзу моҳи умр
Кокули ёре шумурдам, ёд бод!
Лоуболу дилфароху сарфароз
Соате, ки бода хурдам, ёд бод!
Дар ҷаҳони маргафзои махуф
Рӯзҳое, ки намурдам, ёд бод!
Як замон дар дили ман ёр иқомат мекард,
Як замон дар дили ман ишқ қиёмат мекард.
Як баҳор оташи эҳсоси ман афрӯхта буд,
Ки саропои ман оҳанги муҳаббат мекард.
Як саҳар аз дили ман буд тулӯъи хуршед,
Ишқи хуршедваше хайру саховат мекард,
Ҳар гаҳе хандазанон ҷониби ман меомад,
Аз раҳи омаданаш бахти ман омад мекард.
Сари зонуи сафедаш сари ман меосуд,
Дили ман бо дили ӯ назми назокат мекард.
Дили шаб буду дили ӯву дили ташнаи ман
Дар зиёратгаҳи дидор зиёрат мекард.
Як замон кай ба ғами зиндагӣ оғушта будам,
Як замон кай дилам аз умр шикоят мекард.
Бедарди дил касест, ки дилбар надоштаст,
Бедарди сар касест, ки худ сар надоштаст.
Бехештан касест, ки аз хештан нарафт,
Бедавлат он касест, ки модар надоштаст.
Бемазҳаб он касест, ки нашнохт шахси худ,
Беманзил он касе, ки сару бар надоштаст.
Хушбахт он касест, ки дар ҷодаи ҳаёт
Рашку ҳасад ба ёру бародар надоштаст.
Бадбахт он касест, ки дар арсаи талош
Як душмани ба хеш баробар надоштаст…
Ҳар кас, ки дар замони худ фикри замон надошт,
Мехост роз гӯяду аммо забон надошт.
Тухме накошт ҳар касе андар замини вақт,
Гар тобиши ситорае дар осмон надошт.
Ҳар кас, ки шахси хешро андар ҷаҳон наёфт,
Гарде зи роҳи умри худ андар ҷаҳон надошт.
Ҳар кас, ки дар баҳори худ нашкуфт ғунчасон,
Аз тирамоҳи хештан бӯи хазон надошт.
Пайдо нагашт бо ҳама зебоӣ пеши ёр,
Ҳар бедиле, ки дар дилаш рози ниҳон надошт.
Бори гарони хотири ёре набуд беш,
Ҳар ошиқе ба дӯши дил оҳи гарон надошт.
Дар тангнои қофия дармонду хира мурд,
Ҳар шоире, ки ҳиммату табъи равон надошт.
Як зумра касон пир таваллудшудагонанд,
Эҳсоси ҷавонони дилошуфта чӣ донанд.
Инҳо на сағиру на кабиранд, дареғо,
Оташ, ки наянд, об дар оташ нафишонанд.
Сурат ҳама солор, вале сифр ба сират,
Ду соҳили хушкидаи беоби равонанд.
Оҳиста зи ҷо хоста, оҳиста нишинанд,
Ҷуз хеш набинанд, вале чашми замонанд.
Аз оташи эҳсос битарсанду ғами ишқ,
Пиндор, ки худ зодаи на ину на онанд.
Дар қолаби одоб бигунҷида чи некӯ,
Ин гуна ба қолаб ҳамаи умр бимонанд.
Бинанд ба чашми ҳасад эъҷоби ҷавонон,
Хоҳанд ҷавон будану аммо натавонанд…
Баҳор мерасад, аз хештан фирор кунед!
Қарор дар шафати ёри беқарор кунед!
Ба майли худ бишукуфед чун гули худрӯй,
Ситеза то гули гулдони зарнигор кунед!
Ғаме зи гесуи ёре агар ба дил доред,
Ҳавола бар хами гесӯи обшор кунед!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail