Ғ А З А Л Ҳ О

Чу марди роҳаму раҳдон, ба манзил мерасам рӯзе,
Аз ин дунёи пуртӯфон ба соҳил мерасам рӯзе.
Басо дидам, ки дар хуне намонда заррае ғайрат,
Ба қадри ҳиммати мардони оқил мерасам рӯзе.
Чу аз ҷанҷоли мову ман бурун оям тани сиҳҳат,
Ба имдоди касони пойдаргил мерасам рӯзе.
Дарахти орзуи ман кашида шох то гардун,
Заминро саҷда меорам, ба ҳосил мерасам рӯзе.
Дили ман дар талоши роҳи дилҳо суда ҳам гардад,
Зи ғафлат мераҳам рӯзе, ба он дил мерасам рӯзе.
Дастони пир ҷуз ба асое намерасад,
Фарёди ӯ ба гӯши худое намерасад.
Об аз сараш гузаштаву тоб аз дилаш чунон,
К-охир ба ғайри гӯр ба ҷое намерасад.
Дар кӯзапушти ӯ ҳама зардоби солҳост,
З-он солҳо валек атое намерасад.
Бо қомати дуто ба ҳама саҷда мекунад,
Таъзими ӯ ба ёди дупое намерасад.
Аз сад нишони пурҷило дар сақфи синаҳо
Бар синаи фигор шифое намерасад.
То ман зи ту, эй чархи фалак, ком нагирам,
Аз сӯхтану сохтан ором нагирам.
Бас бо дили равшан бифурӯзам дили шабҳо,
То домани субҳе зи паи шом нагирам.
Гӯянд ба навъе гузарад умри дурӯза,
Умре, ки ба навъе гузарад, ном нагирам.
Аз шохи ту, эй боғи пур аз меваи даврон,
То пухта наафтад ба замин, хом нагирам.
Бо дарди ту бар хоки сияҳ меравам, эй шеър,
Гар хоки сиёҳе зи ту инъом нагирам.
Ҳар нафас аз сина шавқи рӯзгорам меравад,
Оташам кам мешавад, шӯру шарорам меравад.
Рӯзҳо чун сайди наздиканд дар пеши назар,
То камонро рост месозам, шикорам меравад.
Меравам аз худ, чу ояд рӯзи нав чун ёри нав,
То ба худ меоям аз шавқ, аз канорам меравад.
Мӯи ман мерезад андар рӯи дафтар чун хазон,
Аз сари сабзам ту гӯӣ баргу борам меравад.
Орзуҳо пайкарамро ҳар дам оташ мезананд,
Дуди дил аз сина бо дуди сигорам меравад.
Ман гузар кардам зи ҷони хеш баҳри зиндагӣ,
Зиндагӣ аммо чу ёри раҳгузорам меравад.
Гарм бош, эй дил, ки варзӣ ишқи новарзидаро,
Сабз бош, эй сар, ки бинӣ кишти носабзидаро!
Дар куҷое орзуят мисли гул рӯяд зи хок,
Чира бош, эй даст, то чинӣ гули ночидаро!
Дар кадомин роҳ ёре косаи обат диҳад,
Дур бин, эй чашм, то бинӣ рухи нодидаро!
Дар дили беор шеъри ман надорад ҳеҷ бор,
Кам нашав, эй азм, то ёбӣ дили ранҷидаро!
Дер зӣ, эй тан, ба бозиҳои дунё тан мадеҳ,
Зинда бош, эй ҷон, ки бинӣ бахти рӯпӯшидаро!
Гирд мегардад сарам дар гирудори зиндагӣ,
Беканорам, лек ҳастам дар канори зиндагӣ.
Дар мадори ин заминам ё мадори осмон,
Ҳар куҷо бошам, билағжам дар мадори зиндагӣ.
Кӯзаи май кам нашуд аз бодахориҳои ман,
Ҳам хумори ман нашуд кам аз хумори зиндагӣ.
Аз хазони умр бокам нест, зеро дидаам
Сад баҳороғӯшро андар баҳори зиндагӣ.
Пештар о, эй нигори хушқади чилкокулам,
То шуморам кокулатро дар шумори зиндагӣ.
Ин духтаре, ки аз барам хандон гузашту рафт,
Аз осмон чу ахтари паррон гузашту рафт.
Гум зад дилам ба хотири фасли ҷавониям,
К-он ҳам зи ишқи духтаре бирён гузашту рафт.
Аз кӯчаи Душанбею аз кӯчаи ҳаёт
Ишқам ба сони накҳати райҳон гузашту рафт.
Нагзашт дасти хушк, ҳар он чӣ зи ман гузашт,
Ҳар чӣ гузашт аз дилам, бо ҷон гузашту рафт.
Гуфтам, ки ҷамъ мекунам девони умри хеш,
Умрам миёни дафтару девон гузашту рафт.
Баччагӣ рафтасту бӯяш мондааст,
Дар дилу ҷон орзуяш мондааст.
Ошиқӣ рафтаст чун айёми гул,
Дар забонҳо гуфтугӯяш мондааст.
Рӯ ба рӯ будем бо ёре, ки рафт,
Дар назар гармии рӯяш мондааст.
Умр бигзаштаст андар ҷустуҷӯ,
Чанд рӯзи бозҷӯяш мондааст.
Қолаби тан холӣ аз шӯру ҷунун,
Об хушкидасту ҷӯяш мондааст.
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Баски аз пои равон мондем, ҳасрат мекунем
Аз паи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.
Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин
Хештанро гум накардан низ санъат будааст.
Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр
Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.
Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.
Ҷони инсон ташнаи фатҳу кушоиш будааст,
Рӯҳи инсон ташнаи мадҳу ситоиш будааст.
Пир беш аз кӯдаки гаҳвора ғашён мекунад,
Одамӣ якумр муҳтоҷи навозиш будааст.
Тифл меёзад ба сӯи моҳ дасти кӯчакаш,
Тифли инсон нест, балки тифли хоҳиш будааст.
Пирии марде агар бошад ҷавонии хирад,
Пирии марди дигар як дарзаи риш будааст.
Баҳри он, ки дар сафар аз обгардиш хаста шуд,
Ёди оби кишвари худ обсозиш1 будааст.
Баҳри онҳое, ки норозистанд аз зиндагӣ,
Ҷанг бо ҳамсояи худ низ шӯриш будааст.
Аз ғаму дарди камию костиҳои ҷаҳон
Ҷони шоир ҷовидон маҳкуми коҳиш будааст…
Он, ки бо мо чанд рӯзе ошноӣ кардааст,
Дар дили худ солҳо кишваркушоӣ кардааст.
Он, ки баҳри мо зи худ бигзаштаасту аз худо,
Бехудиҳое беҳ аз сеҳри худоӣ кардааст.
Он, ки дар роҳи дили мо дил ба рӯи раҳ фиканд,
Бемуҳобо дар замин кори самоӣ кардааст.
Он, ки аз дарди муҳаббат то муҳаббат ғофил аст,
Ишқи моро чун ҳавасҳои ҳавоӣ кардааст.
Он, ки моро дар мақоми мо ба чашми
дил шинохт,
Чашмаҳоро сӯи дарё раҳнамоӣ кардааст.
То даме дил доштем, эй дӯст, дилбар доштем,
То даме сар доштем, эй дӯст, ҳамсар доштем.
То даме, ки шохи мо нашкаста буд аз санги вақт,
Чун дарахтон ҳам гулу ҳам баргу ҳам бар доштем.
То даме, ки дасти мо гирову дил беҷирм буд,
Дил ба рӯи оташу дар даст соғар доштем.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail