Ғ А З А Л Ҳ О

Ба ман дил медиҳӣ рӯзе ки дилдорӣ наметонам.
Диламро мебарӣ рӯзе ки мушти оҳи афсӯс аст,
Ғамамро мехурӣ рӯзе ки ғамхорӣ наметонам.
Ту гул мекорӣ фасле ки замин барф асту яхбандон,
Мани бечора ҳам роҳи мададгорӣ наметонам.
Гулафшон мешавӣ вақте ки ман бошам хазонафшон,
Сарафшон мешавӣ вақте ки сархорӣ наметонам.
Ту ҷон мебахшӣ он соат, ки ҷонам рафта аз қолаб
Ба ғайр аз ҳасрати дунё дигар коре наметонам.
Умри шоир гарчи кӯтаҳ, умри шеъри ӯ дароз аст,
Ҷони шоир дар ниёзу рӯҳи шоир бениёз аст.
Мехурад ғамҳои олам беш аз ғамҳои ҷонаш,
Кори шоир кор не, худкоҳию сӯзу гудоз аст.
Ҳақ биҷӯяд солҳо, ноҳақ бисӯзад умрҳо,
Гарчи безор аст аз афсона, боз афсонасоз аст.
Дар дили ӯ мурдагону зиндагон паҳлуи ҳам,
Омаду рафти нафасҳояш гуселу пешвоз аст.
Қоматаш хам гашта бошад гар зи бори зиндагӣ,
Пеши фардо аз ҳама имрӯзиён ӯ сарфароз аст.
Гарчи биншинад миёни чордевори хаёл
Аз ҳама ӯ тезпарвоз, аз ҳама ӯ пештоз аст.
Ҳангоми сутӯҳ омад, бигзашт сурури ман,
Хам гашт миёни ман, бишкаст ғурури ман.
Мемираму хурсандам, к-андар талаби навбат
Сад зинда биёсояд дар сояи гӯри ман.
Пайроҳае бикшодам аз худ ба ҷаҳони ҳусн,
Сад роҳ шавад наздик аз ин раҳи дури ман.
Гар то дили садпора як пораи шеърам рафт –
Ин аст давоми ман, дар гӯр зуҳури ман.
Дар шеър чароғи дил афрӯхтаам бар халқ,
Дар рӯи ҳама тобад як пораи нури ман.
Агарчи пир шавам, зиндагӣ ҷавон бошад,
Ситораҳои бузургон дар осмон бошад.
Фалак чу арсаи парвози табъу рӯҳи баланд,
Замин чу пояи эъҷози одамон бошад.
Канори бахту канори ҳама замину замон
Барои мардуми дилсоф бекарон бошад.
Ба ҷӯй оби равон гапзанон равад то кишт,
Ба кишт хӯшаи сархам зи бори дон бошад.
Лабони рӯд чи ширин тарона мегӯяд,
Ки ин суруди дилангез ҷовидон бошад.
Амон намедиҳад арчанд ин ҷаҳон ба касе,
Дуош мекунам аз ҷон, ки дар амон бошад.
Хоҳӣ, ки беғам бигзарӣ, боре маро масрур кун,
Ё бар ҷаҳони худ бикаш, ё аз ҷаҳонам дур кун.
Дарё ба туғён меравад, ҷамъу парешон меравад,
Хоҳӣ маро ҷамъ оварӣ, андар ҷаҳон машҳур кун.
Хоҳӣ зи гардун раҳмате, дастобагардан бӯса деҳ,
Хоҳӣ қирони ахтарон, дилро ба дил манзур кун.
Бисёр рӯзони худо, рӯзи ману ту даршумор,
Рӯзе зи рӯзони худо ёд аз мани мағрур кун.
Гар тобиши чашмони ту андар суруди ман кам аст,
Бикшо китоби шеъри ман, ҳар мисраашро кӯр кун.
Гар ошиқи ту нестам, гар лоиқи ту нестам,
Ёди маро, ишқи маро андар дили худ гӯр кун!
Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,
Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст.
Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба сони чашма ҳақгӯям,
Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам худо кардаст.
Миёни кӯҳҳо бигрехтам аз дасти ҷабру зулм,
Ба ман таърихи сангиндил ҷафо рӯи ҷафо кардаст.
Ҷудо будам зи ҳамхунон, ки бепул буд дарёҳо,
Сари кӯҳу сари чашма дилам аз ғам наво кардаст.
Умеду орзуям сӯхт монанди ҳинои санг,
Дубайтиву рубоӣ нолаамро бефано кардаст.
Яке гуфтӣ, ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст.
Ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо,
Ки бар тарки Ватан моро паёпай мубтало кардаст.
То ту ба додам мерасӣ, оҳам ба кайвон мерасад,
То ту ба қадрам мерасӣ,
умрам ба поён мерасад.
То ёри роҳам мешавӣ, аз роҳ берун мешавам,
То мушкил осон мекунӣ,
сад марги осон мерасад.
То ёд меорӣ зи ман, беёд меафтам зи дард,
То теғи абрӯ мекашӣ, теғи табибон мерасад.
То аҳду паймон мекунӣ, паймонаам пур мешавад,
То ваъдаи гул медиҳӣ, фасли зимистон мерасад.
То даст бар дил мениҳӣ, аз даст хоҳад рафт дил,
То ту ғами мо мехурӣ, моро ғами ҷон мерасад.
Дар роҳҳои зиндагӣ оҳиста рав, пайваста рав,
Бишкан ҳазорон садди роҳ, аммо диле нашкаста рав.
Аз розҳои касмадон хоҳӣ, ки бикшоӣ тилисм,
Бо дилбари соҳибдиле дил баста рав, дил баста рав.
Хоҳӣ, ки чун гулдастае бошӣ ба рӯи дастҳо,
Бар пешвози дӯстон аз бӯстон вораста рав.
Донӣ, ки мефаҳмад туро, донӣ, ки мехоҳад туро
Дар хотири ақли хирад чун мисраи барҷаста рав.
Гоҳе ҳавои ту баланд, гоҳе сафои ту баланд,
Шоистагӣ хоҳӣ агар, шоиста рав, шоиста рав.
То аз ҳама донотарӣ ё аз ҳама болотарӣ,
Аммо ба ҳар ҷо, ки равӣ, дониста рав, дониста рав…
Зи ту болотар, эй болонишин, болонишине ҳаст,
Туро гар чини абрӯе, маро чини ҷабине ҳаст.
Туро гар оташи хашму ғазаб ҳар лаҳза даргирад,
Маро аз кӯраи айём шеъри оташине ҳаст.
Ба рӯи ту ғубори кин қабат андар қабат пайдост,
Зи раҳҳои замон дар рӯи ман гарди замине ҳаст.
Баландии ту то минбар, валекин ғофилӣ аз он,
Ки шеъру шоири болотар аз чархи барине ҳаст.
Ба худ дармондаӣ, зеро ки метарсӣ зи имое,
Ман аз худ рафтаам, зеро ки ишқи нозанине ҳаст.
Чу деҳқонзодаам дар аслу ҳам андар сухан, шодам,
Ки аз дунболи ҳар марди даравгар хӯшачине ҳаст!
Набуд гар хонаи чашми ту, ман бехона мемурдам,
Агар бегонадил мебудӣ, ман бегона мемурдам.
Агар ишқат намеомӯхт расми дардмандиям,
Яқин бедарду доғи ишқ бедардона мемурдам.
Агар ишқат намеварзид рӯҳи родмардиям,
Ба користони мардафкан чи номардона мемурдам.
Агар дар гарданам занҷири гесӯят намебастӣ,
Кӣ медонад, куҷое пой дар завлона мемурдам.
Агар афсонаи ишқат намепарвард ҳақҷӯӣ,
Дар ин дунёи пурафсона беафсона мемурдам.
Агар байти ду абрӯят набуд, байте намегуфтам,
Агар девони асрорат набуд, девона мемурдам.
Эй ки мепурсӣ маро ҳастӣ магар огоҳи дил,
Огаҳи дил гар наям, дурам кун аз даргоҳи дил.
Нашнавӣ гар оҳи дилро гаҳ-гаҳе аз фахру ноз,
Зиндагии ман пур аз ҳусни ту асту оҳи дил.
Гарчи ту нагзаштаӣ аз кӯчаи дилсӯзагӣ,
Хубтар аз ту надидам дар ҷаҳон дилхоҳи дил.
Лаҳзае, ки будаам танҳову аз худ норизо,
Рафтаам бар кӯи ту бехештан ҳамроҳи дил.
Роҳҳоеро басо паймудам андар зиндагӣ,
Дуртар, наздиктар роҳе набуд аз роҳи дил.
Гар дили ман баҳри аҳли дил бимирад як замон,
Баъди ман монад барои аҳли дил арвоҳи дил..!
Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам,
Бинед аз куҷо ба куҷо гиря мекунам.
Сад оҳ дар гулӯи ман печида, рӯзу шаб
Бар тоҷикони зиндаҷудо гиря мекунам.
Дунё ба худ наоядӣ аз дасти бехудон,
Аз дасти бехудон ба худо гиря мекунам.
Дар осмон ситораҳо бисёр мурдаанд,
Ман дар ғами ситораи мо гиря мекунам.
Пурсанд гоҳе беғамон аз ваҷҳи хандаам,
Кас нест пурсадам, ки чаро гиря мекунам.
Азхудгузаштагони баҳаднорасидаед,
Эй беғамон, ба ҳоли шумо гиря мекунам!
На зи ранҷу азоб метарсам,
На зи ҳоли хароб метарсам.
Бими тӯфони мавҷҳоям нест,
Аз хаси рӯи об метарсам.
Бо замона ҳисоби ман пок аст,
Аз ду-се каҷҳисоб метарсам.
Аз сиёсат набошадам боке,
Аз сиёсатмаоб метарсам.
Дӯш гар бошитоб мерафтам,
Ин замон аз шитоб метарсам.
Дӯш аз ман шароб метарсид,
Ман кунун аз шароб метарсам.
Маро ҷустӣ, вале пайдо накардӣ,
Ба бозор омадӣ, савдо накардӣ.
Шунидӣ қиссаи ғарқидагонро,
Гузоре бар лаби дарё накардӣ.
Зи гулсозон гули коғаз харидӣ,
Талоши лолаи саҳро накардӣ.
Ғами худ хурдиву дилрезаи худ,
Ғами дилро ғами дунё накардӣ.
Дар имрӯзат ғами фардо наҷустӣ,
Ки имрӯзи маро фардо накардӣ.
Ту ҳам танҳо бимонӣ охири кор,
Ки ёде аз мани танҳо накардӣ.
Гарчи ман кӯтоҳдастам, кӯтаҳармон нестам,
Гарчи ман кӯтоҳумрам, кӯтаҳимон нестам.
Ҳар чӣ аз дасти ман ояд, нотамомаш бишмарам,

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail