Ғ А З А Л Ҳ О

Чӣ будам, чашмаи нӯши ту будам,
Дурахши ҳалқаи гӯши ту будам.
Ба рӯзи гарм будам соябонат,
Ба рӯзи сард даспӯши ту будам.
«Сарат бодо саломат» гуфта доим
Ба ёди лаъли майнӯши ту будам.
Ҳамеша қисмати ту қисматам буд,
Рафиқи хубу ҳамдӯши ту будам.
Фаромӯшам макун, ҷонони дилсахт,
Ки як вақте ҳамоғӯши ту будам.
10.9.1963

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail