Ғ А З А Л Ҳ О

Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад,
Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.
Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед
Аз қисмати худ розию саршор бимирад.
Мард он, ки сабуктар бикунад бори Заминро,
Бо умри гаронбор гаронбор бимирад.
Бо дӯсти наздик равад манзили дуре,
Бо ёр ва ё бо алами ёр бимирад.
Дар хоб ба овози замин гӯш ниҳад шаб,
Рӯзона чу ҳақдӯст зада ҷор бимирад.
Мард он, ки намонад зи шабаш шишаи холӣ…
Пуршӯру пурошӯбу пурасрор бимирад.
Мард он, ки тиҳӣ буда чунон косаи танбӯр,
Бо нағмаю оҳанги шарарбор бимирад.
Мард он, ки намирад зи қазо бо аҷали худ,
Дар ишқ ва ё кор ва ё ор бимирад.
Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард
Бо ин ҳама озор сазовор бимирад!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail