Ғ А З А Л Ҳ О

Баҳорам тирамаҳ шуд, дилбарам рафт,
Тароватҳои боғи хотирам рафт,
Ниҳоли сабз будам, сояам буд,
Кунун ҳам соя, ҳам барги тарам рафт.
Дар ишқаш сӯхтам ман, шӯъла будам,
Кунун хокистарам ман, ахгарам рафт.
Шудам дар нимароҳи умр ҳайрон,
Сафар беоқибат шуд, сарварам рафт.
Хаёли ман ба ёдаш дарбадар шуд,
Чу нақши пои ҷонон аз дарам рафт.
Чӣ дорам андар ин дунё, ки аз сар
Худованди саодатпарварам рафт.
Ба мулки Моҳ рафтан қасди ман буд,
Садоқат! Раҳмате, болу парам рафт.
Мо баҳри дилшиносон шеъру тарона ҳастем,
Баҳри навошиносон чангу чағона ҳастем.
Гӯянд шоири хуб фарзанди даври хеш аст,
Баҳри замоншиносон мо худ замона ҳастем.
Мо кӯҳзода, аммо дилҳои нарм дорем,
Дар тангнои кӯҳӣ дил бекарона ҳастем.
Гар рӯдаки деҳи мо бар баҳрҳо нарезад,
Дарёи дил хурӯшон, мо худ равона ҳастем.
Он қадр ҳам ҷадиду он қадр ҳам қадимем,
Гоҳе ҳақиқати кул, гоҳе фасона ҳастем.
Аз мост сарбаландӣ, аз мост низ пастӣ,
Гаҳ осмона ҳастем, гаҳ остона ҳастем.
Он ҳафт марди шоир чун Ҳафтдодаронанд1,
З-онҳо чу осмони ҳафтошёна ҳастем.
1970

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail