Ғ А З А Л Ҳ О

Ин қадар дард куҷову мани махмур куҷо?
Ин қадар бахт куҷову мани мағрур куҷо?
Ин қадар вақт куҷо рафту куҷо будам ман?
Ин қадар ҳусн куҷо буду мани кӯр куҷо?
Он қадар рӯзу шаби ман ба ҳам омехтааст,
Накунам фарқ, ки торик куҷо, нур куҷо?
Он қадар нашъаи бахт аз дилам ояд ба димоғ,
Ки надонам табутобу шаафу ур куҷо?
Он қадар бесарупоям, ки надонам то ту
Роҳи наздик кадом асту раҳи дур куҷо?
1968

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail