ҒАЗАЛИ БОҒБОНИ ПИР

Нигар ба боғи шукуфон,
Нигар ба шохаи пурбар,
Нигар ба раддаи себу анору зардолу –
Чу раддаи аскар –
Ҳама нишонаи заҳмат,
Ҳама нишони ман аст,
Замини сабз гувоҳи фари замони ман аст.
Ба ҳар ниҳол, ки сарсабз дидаӣ дар боғ,
Тамоми умр сари сабзи хеш бахшидам.
Забони барги дарахтон сипоси ман доранд,
Ки ҳар кадом чу ровии достони ман аст.
Дарахту ҷӯяи полезу нағмаи корез
Ҳамеша шоҳиди гӯёву безабони ман аст.
Шикаст шохи маро – ҳар кӣ шохае бишкаст,
Агар ба ғӯрае тундар навохт, ҷонам сӯхт.
Агар фитод ниҳоле зи тундбод аз пой,
Ба сони модари фарзандмурда шаб то рӯз
Устухонам сӯхт…
Чӣ кардаам зи барои замона – медонад
Ҳар он ниҳол, ки ҳамсоли кӯдакони ман аст.
Ба ҷӯй об кушодам,
Ва ё зи ҷӯяи чини ҷабинам об омад,
Ки ҳар ниҳол қад афрохту ба тоб омад.
Маро ба пои дарахте чу зонуи хоҳар
Ба дида хоб омад…
Бубин, ки оби равон меравад зи ҷӯй ба ҷӯй,
Ту гӯӣ нағмаи уммеди ҷовидони ман аст.
Бубин, ки оби равон меравад зи ҷӯй ба ҷӯй,
Ба ҷӯй оби равон аст ё равони ман аст…
Ба ҳар ниҳол назар мекунам чу вақти тулӯъ,
Тасаллӣ меёбам.
Ба ҳар ниҳол назар мекунам чу танги ғуруб,
Тасаллӣ меёбам,
Ки баъди марг ба гӯрам
Ҳамин дарахти тануманд соябони ман аст;
Ки мурғи рӯҳи ман аз баъди ман ба гардунҳо
Намешавад сарсон –
Ба шохи сабзи барӯманд лона мемонад.
Ҳамин дарахт аз ин боғ ошёни рӯҳи ман аст,
Ҳамин дарахт аз ин боғ ошёни ман аст!
* * *
Гили ту аз гили шеъру суруд аст,
Дили ту худ дили шеъру суруд аст.
Ҷаҳони бебадал дорӣ миёни шеъри девонҳо,
Ки саршор аст аз эҳсоси дарду атри армонҳо.
Равонӣ бо раҳи қисмат,
Барӣ аз кулли буҳтонҳо,
Чу Сир орому ботамкин,
Вале дар сина тӯфонҳо…
На озодӣ, на побаста,
Фақат бо рӯҳи вораста
Дилат бар зиндагонӣ равзане дорад,
Ки аз он рӯзгорат равшанӣ дорад.
Вагарна чордеворат пур аст аз ҷаҳлу кӯриҳо,
Вагарна чор фасли ту пур аст аз талху шӯриҳо.
Ту як девони ашъори тамомӣ,
Ки афтода ба дасти марди омӣ,
Намехонад, намедонад…
Дилам месӯзад, эй девони олӣ,
Ки дар дасти касе чун ман наӣ,
То сар ба сар хонад,
Барои хештан хонад,
Барои баҳру бар хонад.
Дилам месӯзад, эй девони рангин,
Дилам месӯзад, эй девони гулчин,
Дилам месӯзад, аммо дасткӯтоҳам,
Дилам месӯзад, аммо тай шуда роҳам…
18.10.1977

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail