ҒАЗАЛИ БАҲОР

Чашми бадмасти маро шеваи дилдорӣ деҳ
Ба дили бехабарам пайки гирифторӣ деҳ.
Ба дили соддаи ман эй нафаси наврўзӣ
Ҷавҳари теғ бидеҳ, ханҷари айёри деҳ.

Ин дили ғамзадаам давлати дармон хоҳад
Ба кафам ҷом мадеҳ, косаи нодорӣ деҳ.
Бишудам ман хаста аз бегунаҳӣ дар олам
Дили бебоки маро завқи гунаҳгорӣ деҳ.

Офтоби дили ман аз шарари шеър бувад,
Ҳини рафтан чу расад сӯзи шараборӣ деҳ.
Чаман афсурда шуда, фасли чаманхези  баҳор
Ту ба ин гӯша ҳунарҳои фусункорӣ деҳ.

Муаллиф: Али Сардар (Шоири Хиндустони)

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close