ҒЕЛОН БАРОМАД ОФТОБ

Ғелон баромад офтоб
Болои боғи рӯйи шах,
Дар зери пояш хоки гарм,
Ташти зар андар тори сар.

Аз санг бар саге сабук
Ҳамчун ғизоле мепарад,
Ҷӯйи ба ҷӯ,
Боғи ба боғ,

Оби зулоле мепарад.
Хоре кашад аз доманаш,
Зарбе хӯрад пояш зи санг,
Аз неши хору сангкӯб

Ҳаргиз намеояд ба танг.
Хуншор гардад пойи ӯ,
Марҳам кунад аз хоки роҳ,
Дармони дарди ҷони ӯст

Сардобаву хоки сиёҳ,.
Ғам раҳ нагирад бар дилаш,
Бас хушдил асту хушдимоғ,
Об оварад аз пойи тал

Бо меҳр бар оғӯш боғ.
Дар ҷӯяҳо мӯйи ба мӯ
Қисмат шавад гар оби ҷӯ,
Чун ғунчае гул мекунад,
Чун сабзае ёбад нумӯ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close