ГИЁҲҲОИ ХУДРӮЙ

Гияҳҳое, ки худрӯянду беноманд,
Магар беҳуда мерӯянд?
На зеби гулшане ҳастанд, на ҳусни гулистоне,
На дар гулдастае баста, на бинҳода ба гулдоне.
На зеби кокуле бошанд,
На дар печи дасторе.
На мечинад кас онҳоро, ки монанди гуле бошанд
Баҳри ёр аз ёре.
Валекин бо ҳазорон орзу аз хок мерӯянд,
Ки тухми хешро мерос бигзоранд.
Ҳама хуршед меҷӯянд,
Ҳама аз зиндагӣ уммедҳо доранд,
Ки шояд як замон марде табиатдӯст
Забондони табиат, ҳолдони ҳар гиёҳу
сабзаи худрӯст
Биёмӯзад забони безабониҳои ононро,
Нишон бидҳад нишони бенишониҳои ононро,
Ба онҳо ном бигзорад
Ва тухми аслашонро дар замини бӯстон корад…
Гияҳҳое, ки худрӯянду беноманд,
Магар беҳуда мерӯянд?
1980

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail