Гуфтори Аҷоиб

Зи мӯ то нохуни по сӯхт ҷонам,
Фиғон аз дард мекард устухонам.
Бигуотам ними ҷонам рафт аз тан,
Бигуотам, ки дигар ман нестам ман.
Дареғи чор дандони сафедам,
Дареғи чорто наҷми умедам.
Ки яктояш намедодам дар олам
Ба сад дандони тилло, рост гӯям.
Дареғи лаззати комам, дареғо,
Қи шаҳдаш нест бе дандон гуворо.
Дареғо, мехӯрам гардов аз ин пас,
Чу одам нею мисли гов аз ин пас.
Аз ин кору аз ин ҳолу аз ин ғам
Шудам се ҳафта ман бемору мулзам.
Бароям бурд усто ранҷи бисёр,
Зи оҳан кард дандонам чу минқор.
Зи дандонҳои вай роҳат надидам,
Ба шаб аз ҷабрашон ғафлат надидам.
Лабонамро ба неши хеш хурданд,
Забонамро зи лабҳо пеш хурданд.
Ду-се дандони бокимондаамро,
Ки модарзод буданду аз онҳо
Хамеша шодмони доштам ман,
Қи мерос аз чавонӣ доштам ман,

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail