ГУФТУГӮ БО РӮҲИ ПАДАР

Эй падар,
афсӯс,
даврон бар муроди ту нагашт,
Навҷавон рафтиву акнун
синнам аз синнат гузашт.
Шукр
онеро ки ҳастам
зинда дар рӯйи замин,
Гарчи дар ҳар гӯша
ҳар дам буд
маргам дар камин.

З-ин сабаб
як ҷӯраи дерини ноогаҳдилам
Бо тааҷҷуб гуфт ногаҳ,
дид чун дар маҳфилам:
— Эй аҷоиб,
зиндаӣ то ҳол,
корат ҳам ба ҷост!
Ман наранҷидам аз ӯ,
гарчи дағал
мегуфт рост.
Зинда,
оре,
зиндаам,
осудаву пояндаам.
Боз рахшонтар намояд
гӯиё ояндаам.
Дигарам аз зиндагӣ
гӯё ки армон нест, нест.
Дарди шоирро валекин
ҳеҷ дармон нест, нест.

Гарпи пар зад мурғи шеърам
зери гардун чун Ҳумо,
Аз Ироқу Ҳинду Чин
то Олмону Амрико.
Гарчи каф мезад ба шеърам
шоҳбонуи Кувайт,
Гарчи бо номам дар интернет
бикшоданд сайт.
Гарчи аз толорҳо
овози ман бардошт сақф,
Гарчи дар мизи раёсат
ҷойи хосам гашт вақф.
Шаъну шон омад маро
шояд ки осонтар ба даст,
Бин,
Худо шоҳид,
нагаштам лофиву шӯҳратпараст.
Боз норозӣ зи хешам,
нестам ношукр лек,
Гуфта будӣ,
то нагӯйи бад,
наояд пеш нек.
Ман на танҳо аз туям
акнун калон дар син, падар,
Синаам аз Ҳайрат,
зи Пайрав,
Юсуфӣ шуд бештар.
Лек оё
бори онон аст
андар дӯши ман,
Ё ки ман худ гаштаам
имрӯз сарбори Ватан?!
Ё забони халқ
онон будаву ман нестам,
Гар набошам ман забони халқ,
пас ман кистам?!
Ё муроди мо
зи асли шеър
дигар-дигар аст,
Ё маро аз ҳарфи ҳақ гуфтан
дурӯг осонтар аст?!
Ё шиорам
«гур сӯзад –
дег ҷӯшад», вассалом,
Ё чу аҳли хос гаштам,
зуд рафт аз ёд ом?!
Ё намедонам, ки Носир
ҳақталаб дар ғор рафт,
Пахтакаш дар ҳақталошӣ
сар ба тори дор рафт.
Кӣ кашид
он шоири фарзонаро
бар чашм мил,
Хост Фирдавсии Тӯсиро
кунад помоли фил.
Он кӣ буд,
хуни Ҳилолиро ба рух фаввора кард,
Пушти Айниро
ба зарби дурра лахту пора кард.
Он, ки мегуфт,
ин маннам,
барҳақ кафили адлу дод,
Лек акнун мекунад
бо лаънаташ таърих ёд.
Чун маро то ҳол навъе
зинда дорад рӯзгор,
Боз ман шояд
пайи коре ҳамеоям ба кор.
З-ин сабаб
зери сарам гарчи бувад
болишти қу,
То саҳар
сад бор гардонам варо ман
пушту рӯ.
Ки донад,
хилқати шоир,
ки дар зоти ту ҷост,
Ин
мукофот аст,
ё шояд
муҷозоти Худост…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail