Гул дар ямани

Дар гулшане, ки мақдами он гул расидааст,
Аз рӯйи боғ ранг чу шабнам паридааст.
Наққош дасту бозуи худ бӯса мезанад,
Гӯё камони абрӯйи ӯро кашидааст.
Нанҳода по ба хонаи оина аз ҳиҷоб,
Ин содарӯй сурати худро надидааст.
Гулро гирифта бар дари боғ истодааст,
Бодо ки боз омаданашро шунидааст.
Ҳар кас ниҳода по ба дари аҳли рӯзгор,
Бисёр ҳамчу обила дар хун тапидааст.
Дар боғи орзу, ки нишоне нишондаӣ,
Умрат гузашт, меваи ӯ норасидааст.
Меомад аз чаман магар он шӯх, Сайидо,
Монанди ғунча марғи дилам оромидааст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail