ГУЛБАДАН

Дӯст медорам ман гулбадан,
Гулбадан, бошем бо ҳам танбатан.
Лаззати меҳру вафо бошад чунин,
Гулбадан, бошам ғазалхони ту ман.

Гулбадан, як шаб туро меҳмон кунам,
Ҷону дилро баҳри ту қурбон кунам.
Баъди суҳбатҳову он ҳанмогаҳаҳо
Бӯсарбон аз лабат чандон кунам.

Нозболини ту хоҳам, гулбадан,
Нози ширин ту хоҳам, гулбадан.
Аз барои васли ширин ту манн
Ишқи дерини ту хохам, гулбадан.

Мекушад нозат дили девонаро,
Ишқат афсус мекунад афсонаро.
Фарқ байни рӯзу шаб дар хона нест,
Равшанӣ бахшад рухат ин хонаро.

Губдадан, меҳри ту дар ҷону дилам,
Қалби ту бошад бароям манзилам.
Меҳрубониҳо Гӯёро бибин,
Ман туро дарё, ту бошӣ соҳила.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail