ГУЛИ СУРХ

Соқиё, хез, ки омад ба тамошо гули сурх,
Боғ шуд базму қадаҳ лолаву саҳро гули сурх.
Боз шуд оташи хокистари булбул равшан,
Ки барафрӯхта рухсоайи зебо гули сурх.
Ба ҳавойи гули рухсои ту созадҳар субҳ
Тугмайи ғунча зи пераҳони худ бо гули сурх
Сӯзан аз ҷайб бароварда магар мехоҳад,
Дар ғамат хори маломат кашад аз по гули сурх.
Ашк аз чашми манну хӯ зи ҷабини ту чакад,
Рӯяд он ҷо гули зарду дамад он ҷо гули сурх.
Мушфиқӣ доғи дилу дидайи пурхун дорад,
Накунад дар чамани даҳр тамонно гули сурх.

Ваш отзыв

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *