Гули уммеди дилҳоӣ

Бинокори ҷаҳони нав!

Чаҳон бо ту сарафроз аст,

Дилам, шеърам,

Вуҷудам бо ту ҳамовозу ҳамроз аст,

Гули уммеди дилҳоӣ,

Фурӯғи чашми биноӣ.

Ба истиқболи хуршеди саодат роҳпаймоӣ.

Матарс аз мушкилиҳои сафар,

Аз роҳи ноҳамвор,

Матарс аз неши хор,

Аз ҳавли дашт,

Аз даҳшати кӯҳсор.

Замон бо ту!

Қадам бебоктар неҳ, эй накӯоин,

Ҷаҳон бо ту!

Қадам чолоктар неҳ,

Амри вақт аст ин!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close