Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон

Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон моро бас,

3-ин чаман сояи он сарви равон моро бас.

Ману ҳамсӯҳбатии аҳли риё? Дурам бод!

Аз гаронони ҷаҳон ратли гарон моро бас!

Қасди фирдавс ба подоши амал мебахшанд,

Мо, ки риндему гадо, дайри муғон моро бас.

Бинишин бар лаби ҷӯву гузари умр бибин,

К-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.

Нақди бозори ҷаҳон бингару озори ҷаҳон,

Гар шуморо на бас ин суду зиён, моро бас.

Ёр бо мост, чӣ ҳоҷат, ки зиёдат талабем?

Давлати сӯҳбати он муниси ҷон моро бас!

Аз дари хеш, Худоро, ба биҳиштам мафирист,

Ки сари кӯйи ту аз қавну макон моро бас.

Ҳофиз, аз машраби қисмат гила ноинсофист,

Табъи чун обу ғазалҳои равон моро бас!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail