ГУНОҲАТРО НАМЕБАХШАМ

Гуноҳатро намебахшам,
Ки саргардони худ кардию
рӯгардон шудӣ аз ман.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки дар даврони мардон ёри
номардон шудӣ аз ман.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки аз даргоҳи ишқи беғуборам дар ба дар рафтӣ.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки аз гулҳои рангини баҳорам бехабар рафтӣ.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки бе ту ахтари иқболи ман
дар авҷи гардун мурд.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки бе ту дар дилам сад достони
ишқи Маҷнун мурд.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
12.11.1982

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail