ГУРГИ ОШИҚ

Дар боғи ҳайвоноти яке аз фароғатгоҳҳои
Истаравшан гурге, ки бо саге ҷуфт шудааст,
дар қафас нигоҳ дошта мешавад.

Мезанад ҳамвора худро гург бар девор,
Бо ду дасташ бар қади он рост мехезад.
Гӯиё ҳоло раҳо гардад аз ин маҳбас
Ҳамчу боде сӯйи саҳро мегурезад.

То куҷо аммо аз ин ҷо метавонад ӯ гурехт,
Ё пайи худро аз ин ҷо метавонад ӯ гусехт.
Баски бандаш ҳеҷ одӣ нест,
Банди модӣ нест.

Дар бараш як модасаг ором мехобад,
Ҷони ӯ з-ин модасаг ором меёбад.

Гург бо саг ҳамнишин дар як қафас?
Ин сухан то ҳол нашнидаст гӯши кас.

Шояд,
аммо мӯъҷизи ишқ аст ин ҷо,
Гурги ваҳшӣ ихтиёрӣ дар қафас шуд ҷо.

Баски натвонист з-ин саг дил канад як дам,
Баски натвонист ғайри ӯ ба ҷонаш ёбад ӯ ҳамдам.
Гарчи аз гургон ҷудо гаштасту маҳҷур аст,
Гарчи ӯ дар чашми ҷинси гург манфур аст,
Чун кунад аммо, ки ҷонаш дар бадан бе ӯ нахоҳад буд,
Дар тамоми дашти бопаҳно ватан бе ӯ нахоҳад буд.

Гарчи худро мезанад ҳар рӯзу шаб бар тӯр,
Лек натвонад равад аз тӯр бе саг дур.
Чун кунанд озод, гирди тӯр мегардад,
Ҷонаш аз озодагӣ ранҷур мегардад,
То ба пойи худ дарояд ноилоҷ андар қафас,
То шавад бо ёри якто ҳамнафас.

Мезанад ҳамвора худро гург бар девор,
Мекашад озор.
Ҳар нафас мехонадаш бар сӯйи саҳро ҷони озодипараст,
Лек байни ишқу озодӣ ҳамин сон то ки ҳаст,
Мезанад ҳамвора худро гург бар девор,
Мезанад ҳамвора худро гург бар девор…

Гурги ваҳши ҳеҷ натвонад, ки бошад
Байни девор,
Гурги ошиқ ҳеҷ натвонад, ки бошад
Дур аз ёр.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail