ГӮРИСТОНИ ХАЙРА

Чи гӯристони хушбахтест Хайра,
Ки дар он қолаби Хайём хуфта.
Куҷо Хайём? Андар синаи хок
Ҳама исёни он айём хуфта.
Ҳамин як мушти хоки поки Эрон
Беҳ аз ҳар хоки Машриқ нурхез аст.
Бидонад хок ҳам, афлок ҳам низ
Ки шоир пешвои растахез аст.
Ҳамин як мушти хоки поки Хайём
Бувад аз зиндаҳо ҳам зиндадилтар.
Аз ин як мушти хок оғоз гирад,
Агар барпо шавад як рӯз маҳшар!
Чи қабристон, ки помоли сутурон,
Чи қабристон, ки яксони замин аст.
Вале Хайра зи юмни рӯҳи Хайём
Фароху бартар аз чархи барин аст.
Барои зиндагон бояд бигӯям,
Ки қабристон барои мурдагон нест;
Ки қабристон барои зиндагон аст,
Ки то донанд фардо қадрашон чист…
Барои зиндагон бояд бигӯям,
Ки шоирро ба чашми кам набинанд,
Ки гар шоир ба базму сурашон нест,
Дар ин дунё ба ғайри ғам набинанд.
Барои зиндагон бояд бигӯям,
Ки шоир нест танҳо баҳри имрӯз.
Агар фардо бихобад дар дили хок,
Зи хоки ӯ бирӯяд нолаву сӯз.
Мазористон, ки гӯри шоире нест,
Фақат як гӯшаи фарёду оҳ аст.
Миёни гӯрҳои хоксорон
Бувад гар гӯри шоир, додгоҳ аст!
Мазористон, ки гӯри шоире нест,
Касе аз сангҳо панде нахонад.
Мазористон, ки қабри шоире ҳаст
Зиёратгоҳи аҳли дил бимонад.
Чи халқею чи мулкею чи давре,
Гар ӯро шоире соҳир набошад?
Чи гӯристони бетадбиру фолест,
Ки дар он гӯри як шоир набошад!
8.1.1980

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail