ГӮШАИ ДИЁР

Паҳност баҳру бар, дунёст бекарон,
Аммо азизтар бошад маро зи ҷон
Як коса оби сард аз оби чашмасор,
Як нолаи бадард аз тори обшор.
Рӯи замин ҳама маъвои одам аст,
Аммо зи ҳар куҷо бар ман муқаддам аст
Як пораи замин дар байни кӯҳсор,
Як кулбаи гилин дар гӯшаи диёр.
Дунё пур аз хирад, олам пур аз китоб
Аммо барои ман бошад чу фатҳи боб
Панде зи модарам – огоҳи рӯзгор,
Панде ҳам аз падар дар роҳи рӯзгор.
Маъвои дил бувад ҳар гӯшаи Ватан,
Аммо азизтар бошад барои ман
Он ҷо, ки будаам бошаъну эътибор,
Он ҷо, ки будаам бо бахт ҳамканор.
1981

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail