ҒӮССАИ ХУҶАНД

Эй шаҳри Хуҷанди бостонӣ,
Донӣ, ки маро бо ҷойи ҷонӣ.
Аммо ба ту шеъри ғам нависам,
Ҳарчанд ки хонию нахонӣ.
Мункиршудае зи номи хешӣ
Бо он ҳама шӯҳрати ҷаҳонӣ.
Темурмалик магар набудат,
Санге чу ба ёди ӯ намонӣ.
Чун Хоҷа Камол тарк кардат,
Ту қадри сухан дигар чӣ донӣ!
Аз Хоҷа нишонаат намонда,
Ҳарчанд варо ту худ нишонӣ.
Донам, ки ба дил ғами манат нест,
Аммо ба дилам чу ғам бимонӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail