ЧАМАН ДИЛБУРДАЙИ ОЙИН МЕКУНАД БОЗ

Чаман дилбурдайи ойин мекунад боз,
Ҷаҳонро лола рангин мекунад боз.
Насими хуншафас бо ғунча ҳар дам
Ҳадиси нофаи Чин мекунад боз.
Шукуфа ҳар заре, к-оварад бар даст,
Нисори пойи насрин мекунад боз.
Кушода чашми хобулод нарис
Тоамошойи раёҳин мекунад боз.
Замин аз абр эҳсон мепазирад,
Хаворо сабза таҳсин мекунад боз.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close