ҲАМДИГАРРО ДӯСТ ДОРЕД

Зиндагӣ бо дӯстон аз ғам барист,
Дӯсти дар эътиқоду боварист.
Бо муҳаббат, бо садақа зистан,
Ҳамдигаро ёр будан, ёварист.
Қадри ёру дӯстонро доштанд
Беҳтарин аз маънии одамгарист.
Зиндагиро бо таваккал зистан,
Эй бародур, гар бидонӣ, сар-сарист.
Пухта кардан хомро дир зиндагӣ,
Дон, аз кулли ҳунарҳо бартарист.
Тозарӯӣ, тозагӯӣ, тозагӣ,
Хушдиолӣ, хушсартӣ, хуҷавҳарист.
Хуксорӣ дар миёни мардумон,
Хамрадифи Меҳру Моҳу Муштарист.
Дӯст бошед, дӯст доред, дӯстон,
Чунки ин ҳам хислати пайғамбарист.
Зиндагӣ бе ишқ марг аст, ин сухан
Панди Мирзои Ғафури фалғарист.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail