Ҳамватанҳоям ватанро бурдаанд…

Ахтарон дар шишаи ҳафт осмони Точикистон,
Ҳар яке аз тири Сангак як шикоф аст;
Дар заминаш шишаи поки дили кӯдак шикоф аст.
Гар дар ин ҷо аз фалак хуни малак резад аҷаб нест,
Гар дарахт аз ин замин якпоя бигрезад аҷаб нест.

Баста майдони Шаҳидон дар миёни панҷара,
Дар миёни панҷара ҳамчун мазораш манзара,
Xaлқpo гуронда ин ҷҳ тӯдаи беманзара.

Марзбонаш баста марзи Тоҷикистонро ба монанди манаҳбанд,
Аз фишор охир, натанҳо набзи одам, набзи дарёҳо намеҷунбанд,
Ҷашни барпо карда дар болои хуни ҳамватанҳояш,
Раҳбараш мерақсаду тар мешавад дар хуни тар пояш.

Меравад аз чашми мардум оби чашмаш кӯза-кӯза,
Мекушояд ҳар мусулмоне ба оби чашми худ рӯза,
Ҷашни истиқлоли ӯ фарқе надорад аз ҷаноза.
Тиф ли роҳгардон аз ин ҷо той-той, по-по гурезон,
Мурда ҳам бо устухони по гурезон.
Дар ватан як ҳамватан боқӣ намонда,
Ҳамватанҳоям ватанро бурдаанд, ин ҷо ватан боқӣ намонда.

Тоҷикнстони ман акнун дар замини Тоҷикистон нест,
Дар замини поки Покистону Эрон дар таги хок аст,
Дар таги хок асту аз хоки замин пок аст.

8 май 1994, шаҳри Маскав.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close