ҲАҚҚИ МОДАРӢ

Эй дарахте, ки ман зи шохаи ту
Гоҳу бегоҳ мевае хурдам,
Ҳам зи чӯби туву зи сояи ту
Баҳри ҳоҷот баҳрае бурдам,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй чашмаи зулолу соф,
Ки пас аз шири модарам бар ман
Додӣ нируву ҳам биёмухтӣ
Мисли худ софу софдил будан,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй рӯдаки шитобзада,
Ки намедонӣ ибтидои хеш;
Ки зи худ меравӣ барои ҳама,
Ҳам намедонӣ интиҳои хеш,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй осиёи чанбаршох1,
Хурда шири туро, расидам ман;
Аз паси ту давида дар саҳро,
Аз паси зиндагӣ давидам ман,
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Ҳам ту, эй дони хӯшаи гандум,
К-аз сафедит рӯсафедам ман,
Шираи туст шираи шеърам,
Бо умеди ту боумедам ман;
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Модарам даргузашту фаҳмидам,
Ки аз ӯ дар ҷаҳон нишон боқист.
Эй нишонҳои модарам дар даҳр,
То барои ман ин ҷаҳон боқист,
Баҳри ман ҳаққи модарӣ доред.
Модарам даргузашту донистам,
Холӣ шуд гӯӣ чор сӯи ҷаҳон.
Эй шумо модарони сарзинда,
Эй шумо модарони рӯи ҷаҳон,
Баҳри ман ҳаққи модарӣ доред!
26.1.1987

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail